Осорхона
Осорхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо» — и шаҳри Норак
Осорхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо» — и шаҳри Норак фаъолияташро дар заминаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба соҳаи фарҳанг, нақшаю чорабиниҳо, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо», Қарор «Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 – 2020», Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидаанд, инчунин қарору фармонҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши таърих дар доираи гузоришоти Пешвои миллат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва китобҳои таълифшудаи таърихии он кас аз ҷумла мавсуф дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» қайд менамояд: «…таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шукуҳу шаҳомат ва хорию зориаш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияти корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвару мардуми худро муайян карда метавонем» давом дода истодаанд.
Бо ин мақсад Осорхонаи сохтмонии ба номи «Дӯстии халқҳо» ҳамчун муассисаи илмиву-татқиқотӣ,фарҳангӣ ва маърифатӣ, яке аз пойгоҳҳои мӯътамади ганҷинаи фарҳанги мероси ниёгону бозёфтҳои нодир тибқи дастуру супоришҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар тарғибу арзишҳои фарҳангӣ нақши босазо гузошта истодааст.
Кори осорхона аз рӯи нақша бо бахшҳои зерин ба роҳ монда шудааст. Корҳои илмии тадқиқотӣ, корҳои хазинавӣ, фарҳангӣ — маърифатӣ ва корҳои илмии — методӣ, дуруст номнавис намудани шумораи нигораҳо, қайди доимии нигораҳо ва ғайраҳо сарфи назар гардидаанд.
Фармони ташкилёбии Осорхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо» дар шаҳри Норак 11-октябри соли 1979 баромада, собиқ кормандони осорхона ба ҷамъоварии маводҳо сар кардаанд. Моҳи январи соли 1980 бо талаби сохтмончиёни НБО-и Норак дар шаҳр Осорхонаи «Сохтмонӣ»-и шаҳри Норак ташкил ёфтааст.
Соли 1985 бо фармони Вазорати фарҳанг ва Ҳукумати шаҳри Норак Осорхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо» номгузорӣ шудааст.
Масоҳати умумии осорхона ба 522,8 м2 баробар аст. Дар Осорхона шӯъбаҳои таърихи нав ва кӯҳна мавҷуданд. Бинои нави осорхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо» дар ошёнаи дуюми собиқ кинотеатри «Вахш» ҷойгир буда, аз даромадгоҳ, утоқи кабулгоҳ, ду толори намоишӣ, утоқи нигоҳдории хазинаи осорхона, утоқи кории директор, ду утоқи кории кормандон, утоқи нигоҳдории анбор, утоқи либосивазкунӣ, утоқи хоҷагидорӣ ва айвон (балкон) иборат аст.
Фонди Осорхонаи «Дӯстии халқҳо» асосан аз ҳуҷҷатҳои сохтмончиён, мусаввараҳои рассомони шинохта оид ба шаҳри Норак, НБО-и Норак ва Бойғозӣ, маводҳои бозёфтӣ ва бостоншиносӣ, сузаниҳо, кулолгарӣ иборат аст. Дар ин ҷо аз оғози корҳои сохтмонии НБО- Норак то имрӯз ёдгориву аксҳои таърихиро дар худ ҷой додаст.Ғайр аз ин либосҳои кориву тоскулоҳҳои коргарони неругоҳ ҷамъовари гардидааст, ҳамчун хотираи таърихи ба маърази тамошо гузошта шудааст. Шумораи умумии нигораҳои осорхона ба 4809 адад расонида шуд .
59 маротиба сайёҳатҳо гузаронида шуда, ба 1047 хизмат расонида шуд, аз инҳо 20 нафар хориҷи мебошад.