МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Декабр 2024
Норак

НБО-и Бойғозӣ

НБО-и Бойғозӣ яке аз филиалҳои  ШСХК «Барқи Тоҷик» буда, дар маҷрои дарёи Вахш  сохта шудааст. Нерӯгоҳ дар дарғоти  мавҷудбудаи  соли 1969, ки бо таври таркондани  нодиртарин дар ҷаҳон  барои обёрии иригатсионии водии Ёвон сохта шуда буд, бо роҳи 16м баланд бардоштани  дарғот бунёд карда шудааст, ки барои зуд ба анҷом расонидани  сохтмони нерӯгоҳ  мусоидат намудааст. Вазифаи асосии нерӯгоҳи барқи-обии  Бойғозӣ истеҳсоли шабонарӯзии нерӯӣ барқ баъди оби  истифода бурда шудаи  НБО-и Норак  мебошад.

Корҳои тайёрии сохтмони аз охирҳои  соли 1979 сар шуда, соли 1986 сохтмони нерӯгоҳ пурра ба охир мерасад.

  •              Гидроагрегати 1-ум  10.01 соли 1985 бо иќтидори 150000 кВт.
  •              Гидроагрегати 2-ум  26.06 соли 1985 бо иќтидори 150000 кВт.
  •              Гидроагрегати 3-ум  19.12 соли 1985 бо иќтидори 150000 кВт.
  •              Гидроагрегати 4-ум  01.07 соли 1986 бо иќтидори 150000 кВт.

Иқтидори умумии нерӯгоҳ 600000 кВт .соат-ро ташкил медињад.

Иқтидори солонаи нерӯгоҳ 2,5 млрд кВт .соат-ро ташкил медињад.

Ба НБО-и Бойғозӣ  иншоотҳо, биноҳо ва иншоотҳои обии зерин дохил мешаванд: Дарғот, Иншооти обқабулкунак , Нақбҳои обгузари чап ва рост,  Бинои НБО, Бинои идоракунӣ,  ДТК-220 кВ,  Нақби нақлиётгузар,  Бинои дастгоҳи ҳавофишордиҳӣ, Бинои хоҷагии равған,  Устохонаи дуредгарии ҚС,  Обанбор,  Иншооти обпартои боло, Иншооти охирини обпарто.

НБО-и Бойғозӣ аз коргоҳҳо, шӯъбаҳо, озмоишгоҳҳо ва хоҷагиҳои зерин иборат аст: Дастгоҳи идоракунӣ, Хадамоти техникию истеҳсолӣ, Коргоҳи барқӣ, Коргоҳи мошинҳо. Коргоҳи гидротехникӣ, Озмоишгоҳи барқӣ техникӣ, Қитъаи сохтмонӣ, Шуъбаи кадрҳо, Муҳосибот, Шуъбаи ба нақшагирии иқтисодӣ, Шуъбаи сохтмони асосӣ, Шуъбаи таъминоти моддӣ — техникӣ, Шуъбаи маъмурӣ — хоҷагидорӣ, Шуъбаи танзимгарии неругоҳ, Гуруҳи ғайри истеҳсолӣ, Хоҷагии нақлиёт, Хадамоти эътимодияти техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.

Айни ҳол дар неругоҳ 376 нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд.