МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июн 2023
Норак

Тарҷумаи ҳол

Асозода Дилшод 7 июли соли 1983 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба дунё омадааст.  Соли 2005 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро (рӯзона)  бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон ва соли 2010 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак буда,  донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад. 

Фаъолияти корӣ:

Солҳои 2005-2006- Муҳосиби маркази инкишофи ҷамъияти «Парастор»-и шаҳри Норак

Соли 2006(01-07)- Мутахассиси дараҷаи якуми заминсозии гурўҳи худтаъминкунии «Барқ-Замин»-и шаҳри Норак

Солҳои 2006-2007- Сармутахассиси бахши ислоҳоти иқтисодии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Солҳои 2007-2011- Мудири бахш оид ба корҳои дини назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак 

Соли 2011(02-04)- Мутахассиси маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси шаҳри Норак

Солҳои 2011–2014- Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Норак оид ба масъалаҳои маъмурию ҳуқуқӣ

Солҳои 2014-2020- Муовини якуми раиси шаҳри Норак

Аз 11 ноябри соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №51 Асозода Дилшод  Алимурод раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин гардидааст.