Нақлиёт ва алоқа
Муассисаҳои хизматрасон | Воҳ. ченак | Соли 2017 | Соли 2016 | фоиз |
Шумораи терминалҳои хизматрасонии нақлиётӣ | адад | 2 | 2 | 100 |
Нақлиёти мусофиркашон | ҳаз нафар | 281,0 | 263,0 | 101,5 |
Ҳаҷми боркашонӣ | ҳаз. тонна | 105,6 | 104,0 | 106,8 |
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр
Нақлиёт ва хоҷагии роҳ. Дар шаҳри Норак муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ (МДНРА) фаъолият менамояд, ки шумораи умумии кормандони он 57 нафарро ташкил медиҳад. Дар тавозуни худ 127,94 км роҳ, аз ҷумла 66,3 км роҳҳои маҳаллӣ, 25,05 роҳҳои байналмилалӣ ва 36,59 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявдошта дорад. Дар соли 2017 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ба масофаи 0,1 км роҳҳои маҳаллӣ аз таъмири асоси бароварда шуд.
ҶДММ «БУРС»
ҶДММ «БУРС» терминали мусофиркашони соли 2001 ташкил шуда, дар самти мусофиркаши кор ва фаъолият менамояд. Самтҳои асосии хизматрасонии ҶДММ «БУРС» Норак-Душанбе, Норак-Ваҳдат,Норак-Данғара, Норак –Бохтар ва Норак-Ёвон. Шумораи коргарони ҶДММ «БУРС» аз 4 нафар иборат мебошад. Аз ҷумла, 1 нафар роҳбар, 1 нафар сармуҳундис, 1 нафар назоратчӣ ва 1 нафар ҳамшираи шавқат. Дар самти мусофиркаши айни замон 35 адад таксиҳо хизмат мерасонанд. Суроға: А.Рӯдакӣ Тел: 24298
ҶДММ » Терминали хизматрасон»
ҶДММ » Терминали хизматрасон» — и шаҳри Норак дар терминал 33 адад автомошинаи сабукрав ва 22 адад автомошинаи боркаш дар асоси шартнома кор ва фаъолият мекунанд. Дар нимсолаи аввал ба ҶДММ » Терминали хизматрасон» ба маблағи 24420 сомонӣ даромад шудааст. Терминал дар самтҳои дохилии шаҳри хизмат мерасонад, аз ҷумла хатсайри терминал — Лангар, терминал — Тутқавул, терминал — Ғофилобод, терминал — Чашма ва терминал — Қаратош. Дар корхона 5 нафар коргар фаъолият мекунанд. Музди маоши миёна ба 477 сомнӣ баробар аст. Суроға: А.Рӯдакӣ Тел: 24298
АЛОҚА
Қитъаи техники шаҳри Норак 12 марти соли 2012 дар тобеъи Минтақаи № 3 ноҳияи Данғара дохил шуд. Баъди Қитъаи техникӣ шудан дар муассиса як Муҳандиси пешбар, як танзимгари калон, як нафар танзимгари калони шуъбаи мизоҷон ду нафар муҳандис ва 19 нафар коргар кор ва фаъолият дорад. Аз соли 1998 барқароркуни хатҳои алоқа ва симчубҳо дар тамоми шаҳр ва қишлоқҳо ба роҳ монда шуда, то соли 2000 бе нуқсон ба анҷом расонида шуд. Дар ин давра муштариёни алоқа зиёд шуданд, вале ғунҷоиши стансияти АТС барои 2500 муштари тартиб дода шуда буд. Соли 2003 – ум стансияти АТС-и нави автоматикӣ ба ғунҷоиши 5024 муштари ба «Точиктелеком»-и шаҳри Норак дода шуд. Ин стансия пурра то соли 2005 васл карда шуда,ҳамаи муштариён гузаронида шудаанд. Айни хол 3422 муштарӣ: 300 то корхонаҳо аз алоқаи сими истифода мебаранд. Инчунин муассиса бо хати Интернет паваст буда, ҳисоботи он дар Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат ва таҳлил карда мешавад.
Суроға: А. Рӯдакӣ тел: 23333; 21111
Номгӯи нишондодҳо | Воҳ. ченак | Соли 2017 |
Шумораи бахшҳои алоқаи телефоны | адад | 3 |
Ҳаҷми истгоҳҳои телефонӣ | адад | 5024 |
Стансияҳои хурди дохилии корхонаҳо | адад | 2 |
Департаменти «Почтаи Тоҷикистон» | адад | 1 |
Хатти алоқаи ҳавоӣ ва зеризаминӣ дар тоҷиктелеком | км | 64:4 |
Хизматрасони тарифӣ дар тоҷиктелеком | ҳаз. сом | 98,0 |