МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Январ 2025
Норак

Варзиш

Дар шаҳри Норак 1 варзишгоҳ  дорои 1 — майдони футбол, 1 — майдони футболи сунъи хурд ва 2 — толорҳои гуштингирӣ, ки бо масоҳатҳои 9м х 6м ва 6м х 15м — ро дар бар мегирад. Ғайр аз ин дар шаҳри Норак 2-адад муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии №1 ва №2 фаъолият карда истодаанд, ки дар муассисаҳои номбурда 8-шуъба: волейбол, тенниси руи миз, гуштини миллӣ, гуштини дзюдо, варзиши сабук, гуштини «Самбо», гуштини тарзи «Озод» ва футбол зери роҳбарии 22-мураббӣ: 12 нафар бо маълумоти олии соҳавӣ, 2 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси нопурра тамрин намуда истодаанд. Дар мактабҳои варзишии  №1 ва №2 — и шаҳри Норак айни замон 35 — гуруҳ амал намуда, зиёда аз 455 нафар варзишгар- аз онҳо 56 нафар духтарон машгулият мегузаранд.

 

Номгӯи  муассисаҳои   варзишӣ Воҳ. ченак Соли 2021
Варзишгоҳ: ҳамагӣ адад 1
Дар онҳо ҷойи нишаст нафар 1500
Майдони варзишӣ дар шаҳр адад 46
Ҳавзи шиноварии варзишӣ адад 1
Толорҳои варзишӣ адад 14
Мактабҳои варзишӣ адад 2
Шумораи мураббиён нафар 22
Номзади варзиш нафар 8
Варзишгарони дараҷаи якум нафар 34
Шумораи кормандон нафар 3 бахш 22 мураббӣ
Майдони сунъӣ (искусственный) адад 1

 

Дар Норак як варзишгоҳ дорои 1500 ҷойи нишаст, 46 майдони варзишӣ дар шаҳр, 7 толори варзишӣ мавҷуд мебошад.