ПЕШВОИ МО ИФТИХОРИ МО
- Нашр шуд: 17.11.2023 09:47

Зимни ироаи Паёми табрикии муовини Раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро корномаҳои беназири таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ ёдовар гардида, аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун эъломияи Истиқлолияти давлатӣ муҳим унвон дод, заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани шароити арзандаи кору зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат ёдовар гардида, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварро намунаи равшани ин тадбирҳо арзёбӣ кард.
АЁДАТИ БЕМОРОНИ ШУБАИ БЕМОРИҲОИ РӮҲӢ ВА НАРКАЛОГИИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ НОРАК
- Нашр шуд: 17.11.2023 08:44

Зуҳро Ҳакимзода-муовини раиси шаҳри Норак қайд намуданд, ки беморону ашхоси ниёзманд ҳамеша ба дастгириву таваҷҷуҳ эҳтиёҷ доранд.Аз ҳамин сабаб ҳукумату давлат ба ин гуна нафарон ҳамеша таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир намуда пайваста аз ҳолу аҳволашон огоҳ мегарданд.
Аёдати собиқадори меҳнат
- Нашр шуд: 17.11.2023 08:40
Сана 15 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид, ба аёдати собиқадори меҳнати 92-сола Бобиев Ҳасан рафта, аз саломатии эшон бохабар шуданд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Нашр шуд: 17.11.2023 08:36

Ҳамдами миллат,барои миллатанд.
Мерасад то бар фалакҳо фахри мо,
З- он ки ҳарду раҳнамои миллатанд.
Таърихи на он қадар тулонӣ, вале пурҳаводиси даврони истиқлолият гувоҳ аст, ки баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, яъне аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ин нуқтаро пайваста таъкид менамоянд ва ҳақ бар ҷонибашон аст.
Муфассал: ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АЁДАТИ САРБОЗОН ВА ОРОСТАНИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Нашр шуд: 17.11.2023 08:33

Зимни баргузории вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод суханронӣ карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президент ва 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон табрик гуфт. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода мебарад.
Хабарҳои дигар...
- ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
- ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ НОРАК
- Роҳпаймоии кормандони корхонаю муассисаҳои шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Норак.
- ЭМОМAЛӢ РAҲМОН - МЕЪМОРИ ВAҲДAТИ МИЛЛӢ