МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Ноябр 2024
Норак

2020 – 2040, “БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ”

Суханронии муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид дар семинари омӯзишӣ доираи эълон гардидани солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”

 

“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”

Санаи 29 ноябри соли 2023 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Норак дар доираи эълон гардидани солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” семинари омӯзишӣ бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, намояндагони Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва шуъбаҳои маорифи зертобеъи он ҷиҳати расонидани ёрии амалии методӣ ба омӯзгорони фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ баргузор гардид.

 

Муфассал: “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”

БАРГУЗОРИИ ХОНИШХОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ"

Дар доираи Нақша чорабиниҳои хонишҳои сиёсӣ бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии ҷавонон ва аҳолӣ таҳти унвони "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат ва роҳбарияти муасисаи таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и маҳаллаи Лангари шаҳри Норак бо хонандагони сину соли 14-16 ва 17-18 сола ва волидайни онҳо гузаронида шуд.
 

АЁДАТИ ПАДАРУ МОДАРИ САРБОЗИ ШАҲИД ДАР РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Санаи 24 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми раиси шаҳри Норак Азимзода Шуҳрат, муовини раиси шаҳр-Ҳакимзода Зуҳро, ҷавон ва ташкилоти ҷамъиятии "Пайрвони Пешвои миллат" ба аёдати падару, модари сарбози шаҳид, Маҳмудов Неъматулло Раҳматуллоевич рафта, ба аҳли оилаи марҳум тассалият ва ҳамдардӣ баён намуданд.

Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гимназияи давлатӣ рақами 1-и шаҳри Норак

Санаи 23 ноябри соли равон ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Гимназияи давлатии рақами 1-и шаҳри Норак бо иштироки сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудирони шуъбаю бахшҳои маориф, кор бо занон, кор бо ҷавонон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр чорабинии идона баргузор гардид.
 

Муфассал: Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гимназияи давлатӣ рақами...