МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2024
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

МЕХАНИЗМИ БАРРАСИИ ШИКОЯТҲОИ АҲОЛӢ

Шаҳрвандони муҳтарам! Ҳамаи мо огоҳ ҳастем, ки Лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Норак» идома ёфта истодааст. Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар ҳолоати таъсири манфӣ расонидан ба вазъи шароити санитарию эпидемологии аҳолӣ, хатари ифлосшавии об, хавф ба саломатӣ ва вазъи иҷтимоии аҳолй ҳангоми интиқоли мол ва таҷҳизоти ба сохтмон вобаста буда ва дигар таъсироти манфие, ки дар давоми тадбиқи лоиҳа рух медиҳад, метавонед арзу шикоятҳои худро бевосита ба ҶСК “Барқи Тоҷик” дар шакли хаттӣ ба шӯъбаи арзу шикоятҳо, почтаи электронӣ ва ё бо истифода аз суроға ва ракамҳои телефони зерин, пешниход намоед.
Дар Ҳукмати шаҳри Норак, ҷамоатҳои Пули Сангин, Дукони ва ҶСК “Барқи Тоҷик” дафтари арзу шикоятҳо вуҷуд дорад, ки Шумо метавонед, арзу шикоятҳои худро дар он сабт намоед.
Хабибов Убайдулло-Директори ичроияи ГТЛ «Кам намудани талафоти нерӯ» ҶСК “Барқи Тоҷик”.
Тел: +992 37 295578
Нурова Мавзуна - нозири калони муроҷиати шахсони хуқуқй ва воқеӣ дар ҶСК “Барқи Тоҷик”
Суроға: хиёбони Исмоили Сомонй 64, 734026 ш.Душанбе, Тоҷикистон
Тел: +992 37 295163, +992 37 295563
httр://bаrgitojik.tj

Поянда бод дӯстии тоҷику ӯзбек

Супоридани тӯҳфаи хотиравӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба Ансамбли овозадори "Мавриғӣ"-и шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 

Поянда бод дӯстии тоҷику ӯзбек

Санаи 30 ноябри соли 2023 дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак барномаи консертии овозхони Ансамбли овозадори "Мавриғӣ"-и шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба номиш гузошта шуд.
Дар чорабини муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро иштирок намуда, меҳмонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хушомадед гуфта, меҳмононро бо тӯҳфаи хотиравии рамзи Норак қадрдонӣ намуданд.
 

Санаи 30 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси бахши дин, танзим анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ деҳаи Туғмазор бо ҷалби иттиҳодияҳои динӣ маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд.

БАРГУЗОРИИ ХОНИШХОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ"

Дар доираи Нақша чорабиниҳои хонишҳои сиёсӣ бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии ҷавонон ва аҳолӣ таҳти унвони "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мутахассиси шубаи маорифи шаҳр оид ба корҳои тарбиявӣ Одилов Сайдалӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи шаҳр Шулашова Ҳабиба ва роҳбарияти муасисаи таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и шаҳри Норак бо хонандагони сину соли 14-16 ва 17-18 сола ва волидайни онҳо гузаронида шуд.