МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июн 2024
Норак

ҲАЁТ-БЕ ЗӮРОВАРӢ ГУВОРОСТ БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи шаҳри Норак санаи 4 декабри соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр-Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр-Шулашова Ҳабиба, мудири бахши САҲШ-и шаҳри Норак- Саидмуродзода Сарвиноз ва занону бонувони корхонаю муассисаҳои шаҳр ҳамоиш таҳти унвони «Ҳаёт-бе зуроварӣ гуворост» баргузор гардид.
 
Чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои банди 2-и Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Норак Оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2014, №294 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», ки бо қарори Раиси шаҳри Норак аз 23 июни соли 2014, №242 тасдиқ гардидааст, доир шудааст.
 

Муфассал: ҲАЁТ-БЕ ЗӮРОВАРӢ ГУВОРОСТ БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ ДАР ШАҲРИ НОРАК

БАРГУЗОРИИ ХОНИШХОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ"

Дар доираи Нақша чорабиниҳои хонишҳои сиёсӣ бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии ҷавонон ва аҳолӣ таҳти унвони "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат, мудири бахши САҲШ-и шаҳри Норак Саидмуродзода Сарвиноз, ва роҳбарияти муасисаи таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и маҳаллаи Энергетикии шаҳри Норак бо хонандагони сину соли 14-16 ва 17-18 сола ва волидайни онҳо гузаронида шуд.
Дар рафти сӯҳбат вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид расонида шуд. Ҳамзамон тарғиби васеъ вобаста ба дастовардҳо ва созандагиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 32 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст.
 

БАРГУЗОРИИ ХОНИШХОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ"

Дар доираи Нақша чорабиниҳои хонишҳои сиёсӣ бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии ҷавонон ва аҳолӣ таҳти унвони "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" бо иштироки Сардори раёсати дасгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Иброҳимзода Амир, муовини раиси шаҳри Норак-Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат, ва роҳбарияти муасисаи таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак бо хонандагони сину соли 14-16 ва 17-18 сола ва волидайни онҳо гузаронида шуд.
 

МАЪЮБОН УЗВИ КОМИЛҲУҚУҚИ ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ғамхории навбатии давлатӣ фаро гирифтани шахсони дорои имконияти маҳдуд бахшида ба Рӯзи маъюбон дар тарабхонаи “Сайёд”-и шаҳри Норак ҷамъомади бошукуҳ бо густурдани дастурхони идона барои 60 нафар маъюбон ва аъзои оилаи онҳо доир гардид.
 
Нахуст раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод суханронӣ намуда, аз дастгириву пуштибонии давлатии ятимону маъюбон, оилаҳои ниёзманд ва барҷомондагон ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 8 июл чун ба сифати Рӯзи маъюбон таҷлил мегардад, ки нишонаи олии таваҷҷуҳ ва дастгирии ин қишри ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат мебошад.
 

Муфассал: МАЪЮБОН УЗВИ КОМИЛҲУҚУҚИ ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ ХОНИШХОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ"

Дар доираи Нақша чорабиниҳои хонишҳои сиёсӣ бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии ҷавонон ва аҳолӣ таҳти унвони "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат, мудири бахши САҲШ-и шаҳри Норак Саидмуродзода Сарвиноз, директори маркази пешгири ва мубориза бар зидди ВНМО-и шаҳри Норак Девонаева Хуршеда ва роҳбарияти муасисаи таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и шаҳри Норак бо хонандагони сину соли 14-16 ва 17-18 сола ва волидайни онҳо гузаронида шуд.