МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Апрел 2024
Норак

Аёдати беморони Шӯъбаи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологии беморхонаи марказии шаҳри Норак дар Соли нави мелодӣ

Санаи 30 декабри соли 2023 муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид бахшида ба Соли Нави мелодӣ ба аёдати беморони Шӯъбаи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологии беморхонаи марказии шаҳри Норак рафтанд.
 
Зуҳро Ҳакимзода-муовини раиси шаҳри Норак қайд намуданд, ки беморону ашхоси ниёзманд ҳамеша ба дастгириву таваҷҷуҳ эҳтиёҷ доранд.Аз ҳамин сабаб ҳукумату давлат ба ин гуна нафарон ҳамеша таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир намуда пайваста аз ҳолу аҳволашон огоҳ мегарданд.
 

ТАҶЛИЛИ СОЛИ НАВ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Шоми 31 декабри соли 2023 дар майдони марказии шаҳри Норак тантанаҳои идона бахшида ба Соли Нави мелодӣ бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод баргузор гардид. Дар чорабинии солинавӣ роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ширкат намуданд.
 

Муфассал: ТАҶЛИЛИ СОЛИ НАВ ДАР ШАҲРИ НОРАК

ДАР ҲОШИЯИ ШЕЪРИ УСТОД АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО! МО ЧАРО КУРБИН ҲАСТЕМ!!!

Оё аз рӯи виҷдони инсони дуруст аст, ки як нафар аз берун истода ягон саҳмаш ба миллаташ нарасидааст ба ғайри ғайбату сангзани ба Пешвои муаззами миллати тоҷикони ҷаҳон ва яке аз сиёсатмадори арсаи байналмилалӣ,роҳбари халқпарвар, ватандӯст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва падари миллати моро,ки тавонист давлати ноободро обод сохт,гурезагонро ба ватан баргардонид,миллатро муттаҳид сохт,мардуми сарнагунгаштаро сари як дастархон шинонид,бинооҳои ноободро, обод сохт,деҳаҳоро ба шаҳрак табдил дод,кӯдакони имконияти маҳдуддоштаро саробон шуд,ба ятимони куллу нимятим падари кард аз дур истодан санг задан осон аст.Ҳамиллатони гиромиқадр чашмҳо аз рашку ҳасуди равған гирифтааст,ки имрӯз дар Ватани мо сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармо аст,мо бошем,намебинем,ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои беназир дида мешавад,барои як ҷавон қоматашро рост кардан дар ҳаёт солҳо лозим аст,ки меҳнат кунад баъд соҳиби обурӯ ва аз шахс ба шахсият табдил диҳад худро пеш аз ҳама бояд содиқонаю софдилона хизмат намояд то ба тамоми дастовардҳо худашро ва наздиконашро расонад.Пас чаро фикр намекунем,ки давлати мо акунун ба монанди ҷавони 32 - сола аст,оё мо танҳо курбинона назар мекунем,чаро чашматон танҳо бадиро мебинад,оё ин хислати ҷавонмарди аст.
 

Паёми табрикоти раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати фарорасии Соли нави 2024

Аз рўзгори мо боз як соли пурнишот, созанда, хотирмон ва пур аз рўйдодҳои таърихӣ сипарӣ гашта, чанде пас бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои наҷиб Соли нави мелодиро якҷоя истиқбол мегирем.
 
Ба ин муносибат кули сокинони сарбаланду саодатманд ва заҳматқарини шаҳри энергетикҳои тоҷикро бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрик гуфта, сиҳатмандиву рўзгори осуда, хушбахтиву комёбӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.
 
Соли 2023 дар таърихи халқи тоҷик чун соли пурбаракат ва саршор аз накутарин воқеоти таърихӣ арзёбӣ гардида, фаромўшнашаванда боқӣ монд.
 
Вобаста ба ин, мехоҳам бо қадрдониву ифтихор хотирнишон созам, ки мардуми шарафманду заҳматдӯсти мо, соҳибкорону шахсони саховатпеша ба хотири истиқболи арзандаи ин ҷашни бузурги миллӣ сарҷамъу аҳлона кор карданд ва садоқати худро ба Ватан ва арзишҳои истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодии худ исбот намуданд.
 

Муфассал: Паёми табрикоти раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати фарорасии Соли...

Тӯҳфаи солинавии раиси шаҳри Норак ба 100 нафар кормандони кабудизоркун ва ҳавлируби шаҳр

Раиси шаҳри Норак Норак Асозода Дилшод Алимурод кормандони Муассисаи манзилию коммуналӣ ва муассисаи давлатии "Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидори"-и назди мақомоти иҷроияи шаҳрро, ки корҳои муҳимеро барои ободонии шаҳр анҷом медиҳанд, аз ҷумлаи ҳавлибру, фаррош, боғбон, барқчӣ, ронанда ва ғайра ба муносибати Соли нави меллодӣ табрик намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ ва кӯмаки яквақтинаи хӯрока тақдим намуданд.