МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

БАРГУЗОРИИ ХОНИШХОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ"

Дар доираи Нақша чорабиниҳои хонишҳои сиёсӣ бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии ҷавонон ва аҳолӣ таҳти унвони "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак-Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак Зайниддинов Азамат, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанова Наргис, ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и деҳаи Чортути Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак бо хонандагони сину соли 17-18 сола ва волидайни онҳо гузаронида шуд.
 

БОЗДИД АЗ ҲОЛАТИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲР

Дар асоси дастуру супоришҳои раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод 12 декабри соли 2023 таҳти роҳбарии муовинони раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро, мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг оид ба зимистонгузаронӣ ва фаъолияти корӣ дар соҳаи шуъбаи маорифи шаҳр аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами №3, 5, 28- и шаҳр дидан намуданд.
 
Роҳбарияти муассисаҳои мазкур барои зимистонгузаронӣ омодагиии хуб дида, барои бе мушкилӣ паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудааст.
 

БАРГУЗОРИИ ХОНИШХОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ"

Дар доираи Нақша чорабиниҳои хонишҳои сиёсӣ бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии ҷавонон ва аҳолӣ таҳти унвони "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак-Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак Зайниддинов Азамат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак бо хонандагони сину соли 17-18 сола ва волидайни онҳо гузаронида шуд.
 
Дар рафти сӯҳбат вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид расонида шуд. Ҳамзамон тарғиби васеъ вобаста ба дастовардҳо ва созандагиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 32 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст.
 

Форуми баналмилалии дипломатию сармоягузорӣ

Санаи 10 декабри соли 2023 дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар бо иштироки Амири давлати Қатар Тамим Бин Ҳамад ал Танӣ тахти раёсати котиби генералии СММ Антонио Гутериш форуми баналмилалии дипломатию сармоягузорӣ баргузор гашт. Ҷониби Ҷумҳурии Точикистонро раиси Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо муҳтарам Давлатзода Сулаймон ва раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода намояндагӣ намуданд.

 

Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир

Терроризм ва ифродгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ,ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатхои нохуш –тахдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин,бенизомӣ, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.
 
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст,яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо,ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти ЧТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамҷун давлати соҳибихтиёр, демократӣ ҳуқуқбунёд ва дар ҷараёни таҳавулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисоқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».