МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Ноябр 2023
Норак

ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Боздиди иштирокчиёни Ҳамоиши ҷавонони вазорату идораҳо таҳти унвони "Ҷавонон Пайравони Пешвои миллат" аз Осорхонаи ба номи "Дустӣ"-и халқҳои шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Иштироки варзигарон ва Гирандагони Стпендия Президентии шаҳри Норак дар пешвозгирии иштирокчиёни Ҳамоиши ҷавонони вазорату идораҳо таҳти унвони "Ҷавонон Пайравони Пешвои миллат" дар майдони марказии шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  

Пешвозгирии самимии иштирокчиёни Ҳамоиши ҷавонони вазорату идораҳо таҳти унвони "Ҷавонон Пайравони Пешвои миллат" дар майдони марказии шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар нишасти изтирории сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.
 
Дар фурудгоҳи байналмилалии Шоҳ Холид меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Амири минтақаи Риёз ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
 

ИДОМАИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР БО АҲОЛИИ ДЕҲОТ

Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 7 ноябри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13- и деҳаи Гирдоби Ҷамоати деҳоти Пули Сангин вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, ҷавонон, занон, ва мудирони шӯъбаи бахшҳои мақомоти иҷроияи шаҳр оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, пешгирӣ ва роҳ надоданд ба фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, таъмини волояти қонун, сари вақт ошкор ва кушодани ҷиноятҳо, муътадил нигоҳ доштани вазъи ҷиноӣ ва мустаҳкам намудани алоқа бо аҳолӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷоме ва даъвати ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
 
Дар вохӯри аз тарафи баромадкунандагон қайд карда шуд, ки вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст.