МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Ноябр 2023
Норак

ЭМОМAЛӢ РAҲМОН - МЕЪМОРИ ВAҲДAТИ МИЛЛӢ

Санаи 14 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и шаҳри Норак чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло, мудири шубаи маориф Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи шаҳр Шулашова Ҳабиба, кормандони шубаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок доштанд.
 

Паёми Табрикотии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бахшида ба таљлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърихи кӯҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд.
 
Ҳамасола дар ҷумҳурии азизамон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик дар тули асрҳо мебошад.
 
Маҳз ҳамаи ин меҳнатҳои шабонарӯзии Президентамонро арзёби намуда, аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 15 апрели соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзҳои Ид» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Ин санаи муборак ба 16 ноябри соли 1994 ҳамчун рузи нахустин савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди мустақим дошт.
 

Муфассал: Паёми Табрикотии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бахшида ба таљлили Рўзи Президенти...

АНДЕШАИ АНТОНИУ ГУТТЕРИШ ДАР БОРАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МӮҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирӣ қарор дода, шоис- таи таҳсину қадр медонад. Тоҷикистон дар истифо- даи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Худи далели он ки Ҷумҳурии Тоҷикис- тон ташаббуси даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро манзур намуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза роҳбарияти олии киш- вар, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯи ҷаҳонии об аҳамияти хосса зоҳир менамоянд.
 
Антониу Гуттериш,

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ СУЛҲПАРВАРИ МИЛЛАТ!

Хушбахтии миллат ва пешравии давлат аз ҳомии сулҳпарвар ва инсондӯст сарчашма мегирад. Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки чунин роҳбарро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардааст. Дар тӯли фаъолияти сиёсии худ Пешвои миллат дастггирии халқ ва хусусан тинҷиву амонии халқу давлатро дар афзалияти сиёсати худ қарор додаанд.
 
Ба ҳамагон маълум аст, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тамаддунофару бостонии тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Он давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот дод, ки бо талошҳо ва корнамоиҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва дар тӯли 32 сол дастовардҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, сулҳу Ваҳдати комили миллӣ ва ягонагиву муттаҳидиву сарҷамъиро барои ҳар фарди миллат ҳадя намуд.
 

Муфассал: ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ СУЛҲПАРВАРИ МИЛЛАТ!

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - НИШОНА АЗ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКОН МЕБОШАД!

Таҷлил намудани Рӯзи Президент дар кишварҳои гуногун таърихи хеле қадима дорад. Ҷомеаҳои мутамаддин ҳамеша санаҳои сарнавиштсоз ва хосро гиромӣ дошта, ба хотири арҷ ва эҳтиром гузоштан чунин рӯзҳоро бо шукӯҳу шаҳомат ва тантанаи хос таҷлил менамоянд. Агар ба таърихи таҷлил намудани Рӯзи Президент таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки имрӯз дар як қатор давлатҳои ҷаҳон чунин рӯз ҷашн гирифта мешавад.
Давлатҳо дар аксар маврид рӯзҳои муҷаддас ва таърихиро тавассути қонун ҳамчун рӯзи Ид эълон мекунанд. Масалан, дар Амрико, Қазоқистон ва дигар давлатҳо ҳамасола рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Амрикоиҳо, ки дар ҷаҳон яке аз ташаккулдиҳандагони ҷомеаи озод ва демократӣ муаррифӣ гардидаанд, ҳанӯз аз оғози соли 1970 ҳамасола Рӯзи Президентро таҷлил менамоянд. Конгреси Амрико соли 1970 ба Қонун “Дар бораи Рӯзҳои ид” тағйирот ворид намуда, “душанбеи сеюми моҳи феврал”-ро ҳамчун Рӯзи Президенти Амрико пазируфт. Бояд гуфт, ки Конгреси Амрико сабаби эълон намудани ин санаро чунин баён доштааст: “Ба хотири арҷ гузоштан ба хизматҳои Президент дар роҳи рушди озодӣ, таъмини адолат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ муҳим аст, ки ҳамасола душанбе сеюми моҳи февралро ҳамчун рӯзи Президенти Амрико ҷашн гирем. Яъне, мардуми Амрико бо дарки баланди мавқеи Президент дар рушди ҷомеа ва нақши он дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамасола Рӯзи Президентро ҷашн мегиранд.
 

Муфассал: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - НИШОНА АЗ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКОН МЕБОШАД!