МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

Сухани рӯз «Гадо, гар дар Ватан мирад амир аст…»

Амали ношоистаро ниёгони мо маҳкум мекарданд ва ба дузду одамкуш назари нек надоштанд, ба чунин шахсон бо нафрат нигоҳ мекарданд, лекин имрӯз ҷавононе пайдо мешаванд, ки анъанаҳои некӣ инсондӯстӣ, некрафторӣ, некандеширо пеши по зада ба гурӯҳу ташкилотҳои террористӣ тадқиқи худро мепайванданд. Онҳо дониста ё надониста ба ташкилотҳои ифротгаро ҳамроҳ мешаванд ва дигар аз ҳамлақаи он баромада наметавонанд. Ақли онҳоро гумоштагони хоҷагони хориҷӣ гирифтаанд ва аз симоӣ  инсонӣ танҳо афту башараи хунукашон мондааст бас. Бо супориши «хоҷаҳои худ» ин қабил  ҷавонон тайёранд ҳатто падару модар  ва хешу наздикони худро нобуд кунанд, барои онҳо мафҳуми Ватан – Модар вуҷуд надорад.

Муфассал: Сухани рӯз «Гадо, гар дар Ватан мирад амир аст…»

«Фурӯғи субҳи доноӣ…»

       Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 дар доираи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» санаи 24 майи соли ҷорӣ дар китобхонаи ба номи «Дӯстии халқҳои шаҳр» дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва китобдӯстон чорабинӣ баргузор гардид.

 

 

 

Муфассал: «Фурӯғи субҳи доноӣ…»

Маълумотнома оид ба вохӯрии масъулони мақомоти иҷроия бо ҷавонон

Санаи 18 майи соли 2019 дар доираи «Ҳафтаи ҷавонони Тоҷикистон» вохўрии масъулони маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо ҷавонони фаъоли шаҳр, аз ҷумла донишҷўёне, ки тибќи квотаҳои Президентӣ муассисаҳои олии кишварро хатм намудаанд ва айни замон таълими илм намуда истодаанд, баргузор гардид.

 

Дар вохўрӣ-муовини раиси шаҳр, муҳтарама Ҳасанзода Ш. Ҳ., мудири шуъбаи маориф-Набиев С., мудири бахши кор бо ҷавонон- Ҳусейнзода Ф. иштирок намуданд.

 

 

Муфассал: Маълумотнома оид ба вохӯрии масъулони мақомоти иҷроия бо ҷавонон

Маълумотнома оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии Оила

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии Оила дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Норак бо иштироки васеи аҳолӣ, аз ҷумла кормандони шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроия, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, занони собиқадору роҳбар, кормандони НБО-и Нораку Бойғозӣ, ҳунармандони шаҳр ҷамъомади хотирмон баргузор гардид.

 

 

 

 

 

Муфассал: Маълумотнома оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии Оила

Вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой

Бо мақсади дидан намудан аз НБО-и Норак ба номи Т. Улҷабоев ва сарбанди он гуруҳи меҳмонони хориҷи аз сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой сардори Раёсати бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти ТзсянСу ҷаноби Сун Тзсаню ба шаҳри Норак ташриф оварданд. Гурухи меҳмонон зимни сафари кории худ аз НБО-И Норак ва сарбанди он дидан намуданд. 

 

Муфассал: Вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой