МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

Ҷаласаи Шӯрои куҳансолон

Санаи 18 марти соли 2020 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи навбатии Шӯрои куҳансолони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Норак баргузор гардид.  Дар кори ҷаласа раиси Шӯро Қосимов Р ва аъзоёни он Назарова Г, Иброҳимова Т, Азимова М, Сафарова С, Собиров Ш, Абдуллоев С, Ёров А, Раҳимов А, Саидов Ш ширкат варзиданд.

Муфассал: Ҷаласаи Шӯрои куҳансолон

Истиқболи меҳмонон

Рӯзи 17 марти соли 2020 иштирокчиёни Фестивали байналмиллалиро бахшида ба ҷашни Наврӯз дар шаҳри Норак раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ва ҷавонону фаъолони шаҳр бо шукӯҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифтанд.

Иштирокчиёни фестивалро роҳбарияти Кумитаи ҷавонон  ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.

Муфассал: Истиқболи меҳмонон

Худшиносӣ мароми мост

Санаи 16 марти соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо вохӯрӣ бо раисони деҳаҳо, кӯчаю хонаҳои истиқоматӣ, ҷамоатҳои деҳот, минтақаҳои манзилӣ, ходимони дин, фаъолони шаҳр оид ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дарҷгардида баргузор гардид.

Муфассал: Худшиносӣ мароми мост

Номзади беҳтарин

Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум пешбарии  номзад ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, номзадии Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович –директори НБО-и Норак ба номи Т.Ӯлҷабоев аз ҷониби вакилон дастгирӣ гардид.

 

Муфассал: Номзади беҳтарин

Ваколатҳои вакилон тасдиқ гардид!

Санаи 16 марти соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум баргузор гардида, дар асоси ахбори раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак ваколати 40 нафар вакилон тасдиқ  карда шуд.

 

Муфассал: Ваколатҳои вакилон тасдиқ гардид!