МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

Фестивал ҷамъбаст гардид

9 апрели   соли  2020  Фестивали  ҷумҳуриявии  «Ҳафтаи  китоби  кӯдакону  наврасони  Тоҷикистон»   таҳти  унвони  «Тараннумгари  сухан»    дар  китобхонаи  марказии   ба  номи  «Дӯстии  халқҳо»-и  шаҳри Норак   ҷамъбаст  гардид.  Дар  ҷамъбасти  фестивал  74 нафар  иштирокчиёни фаъоли  озмун  аз  рӯи  6  наминатсия   ҳунару  дониши  худро  пешкаши  ҳайати  ҳакамон  гардониданд.  Ғолибони  фестивал  бо  сипосномаи  раиси   шаҳри  Норак  ва  туҳфаҳои  хотиравӣ  қадрдонӣ  шуданд.

Муфассал: Фестивал ҷамъбаст гардид

Бартарафсозии офати табиӣ

Шаби  6 апрели  соли  2020  боришоти  шадид  ба  хоҷагиҳои  халқи  шаҳр  як қатор  хисорот  ба бор овард Ситоди  шаҳрӣ аз  ҷойҳои  зарардида  дидан  намуда, таъҷилан  техника  ва  коргаронро  сафарбар  намуда,  роҳҳои  мошингард ва кӯчаю маҳаллаҳоро  аз  лою  сангрезаҳо  тоза намуданд.

Талафоти  ҷонию  молӣ  ба  қайд  гирифта  нашуда,  фаъолияти  ташкилоту  корхонаҳои  шаҳр муътадил  аст. Навбатдории  шабонарӯзӣ  ба роҳ монда шудааст.

Муфассал: Бартарафсозии офати табиӣ

Мақсад: роҳ надодан ба сироят

Рӯзи  6 апрели  соли  2020  дар  толори  мақомоти  иҷроияи   ҳокимияти  давлатии  шаҳри  Норак  ситоди  шаҳрӣ  оид  ба  пурзӯр  намудани   чораҳои  зидди эпидемикӣ  барои пешгирии  интиқол  ва  пайдоиши  сирояти  нави  коронавирус  (COVID-19)    баргузор   гардид.  Дар  маҷлис  роҳбарони   корхонаву муассисаҳо,   ҷамоатҳои  деҳот, раисони  деҳа,  кӯча ва хонаҳои баландошёна,  ходимони дин,  раисони   ҳизбҳои  сиёсӣ,  ҷамъиятҳои  дар  шаҳр фаъолиятдошта  иштирок  доштанд.

Муфассал: Мақсад: роҳ надодан ба сироят

Ғолибон муайян гардиданд

Рӯзи  4 апрели  соли  ҷорӣ  дар  шаҳри Норак  даври  сеюми  вилоятии  олимпиадаи  «Наврасон»  аз  фанни  таърих  байни  300  нафар  хонандагони  синфҳои  5-6 ва 7-8-и  муассисаҳои  таълимии  25  шаҳру  ноҳияҳои  вилояти  Хатлон  баргузор  гардид.

Муовини  раиси  шаҳр  Ҳасанзода  Шаҳло  Ҳасан  ба  иштирокчиёни   озмун  барору  мувафаққиятҳо  орзу  намуд.

Муфассал: Ғолибон муайян гардиданд

Ҳашари пурсамар

Рӯзи  4 апрели  соли 2020    1167   нафар   кормандони  корхонаю  муассисаҳо,  аҳолии  ҷамоатҳои   деҳоти Дӯконию Пули Сангин  ва  шаҳр   ба  ҳашари   умумишаҳрӣ  баромада,  бо  мақсади  тозагии  муҳити  зист  ва  солимии  ҷомеа  соҳили  рости  дарёи  «Вахш»  аз ҳудуди  НБО-и  Норак  ба  номи  Т.Ӯлҷабоев    шурӯъ  намуда,  то назди   кули  «Ҷавонӣ»   аксияи   тозагии   соҳил  ва  маҳалро   ба  анҷом  расонида,  соҳилро  аз  партовҳои  пластикӣ ва  зарарнок  тоза  намуданд.  Зимни  ҳашар  аз  7  адад  заврақҳо   мақсаднок  истифода  намуданд. Партовҳои ҷамъоварда бо мошинҳои махсус  ба  партовгоҳи  марказӣ  ирсол  карда шуд.

Муфассал: Ҳашари пурсамар