МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

Фаъолияти Шӯрои кор бо ҷавонон

Рӯзи  23 апрели  соли 2020  дар   толори  мақомоти   иҷроияи  ҳокимияти   давлатии  шаҳр   таҳти  раёсати  раиси  шаҳри  Норак  Неъматзода   Маликшо  Маҳмадшо  Шӯрои  кор  бо  ҷавонон  баргузор  гардид.

 

 

Муфассал: Фаъолияти Шӯрои кор бо ҷавонон

Машварат дар бораи самарранок истифода бурдани замин

Санаи 22 апрели соли 2020 дар толори  хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  машварат  ҷиҳати вусъат бахшидан  ба кишту кори баҳорӣ, саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои пухтарасида ва ба ҷойи онҳо гузаронидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар асоси амри раиси шаҳр аз 20 апрели соли 2020, №10 бо роҳбарии мудири бахши кишоварзӣ  Носирзода К, котиби ситоди шаҳрӣ баргузор гардид.

Муфассал: Машварат дар бораи самарранок истифода бурдани замин

Ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ

Рӯзи 23 апрели  соли  2020   тибқи  дастури  раиси  шаҳр   Неъматзода  Маликшо Маҳмадшо дар майдони  марказии  шаҳр   бо  мақсади  иҷрои  дастуру   супоришҳои   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон,  ки  дар   маҷлиси  фаврӣ  ва  ғайринавбатии  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзи  16  апрели   соли  ҷорӣ  баён  доштанд,  ярмаркаи  фурӯши   маҳсулотҳои  кишоварзӣ  баргузор  гардид.

Муфассал: Ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ

Сифати маҳсулот дар мадди аввал

Раиси  шаҳри  Норак  Неъматзода  Маликшо  Маҳмадшо 21 апрели соли ҷорӣ  аз  маркази  касбомӯзии   «Бонувон»  дидан  намуд. Марказ  ба  дӯхти  сару  либоси  мактаббачагон   машғул  буда,  сол  ба  сол сифати сару  либоси  мактабиро  беҳтар  намуда,  шумораи  ҳарчи  бештари   хонандагонро  бо  либосҳои   ба  талабот  ҷавобгӯ  таъмин  намуда  истодааст. Ҳамчунин  дар  марказ   духтарони  бекасб  ба    омӯзиши  ҳунари  дузандагӣ  фаро гирифта  шудаанд.

Муфассал: Сифати маҳсулот дар мадди аввал

Истифодаи самараноки гармхонаҳо

Рӯзи  21  апрели  соли  2020  раиси  шаҳри  Норак  Неъматзода  Маликшо  Маҳмадшо  аз   Муассисаи  давлатии «Маҷмааи  гармхонаҳо»-и  шаҳри  Норак дидан  намуд.

 

Зимни  вохӯрӣ   раиси  шаҳр  истифодаи  самараноки  ҳар  ваҷаб  заминро  тибқи  дастурҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон таъкид  намуда,   кормандони  гармхонаро  барои  гирифтани   ду-се  ҳосил  дар  як  сол   вазифадор   намуд.

Муфассал: Истифодаи самараноки гармхонаҳо