МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Январ 2025
Норак

ПАЙРАВИ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Раиси шаҳри Норак маоши вазифавии як моҳаи худро, ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти иҷроия, роҳбарони корхонаю идораҳо, соҳибкорони бонангу номус ва шаҳрвандони алоҳида ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи "COVID-19" кушода шудааст, саҳм мегузоранд.

Муфассал: ПАЙРАВИ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Моҳипарварӣ соҳаи сердаромад

Рӯзи   28  апрели   соли  2020   дар  мақомоти  иҷроияи   ҳокимияти  давлатии   шаҳр  вохӯрии  раиси  шаҳри Норак  Неъматзода  Маликшо  Маҳмадшо   бо  роҳбарияти корхонаи воҳиди  давлатии  «Моҳии  Тоҷик»  баргузор  гардида,  масъалаи   рушди  соҳаи  моҳипарварӣ  дар  шаҳр ва саҳми  он  дар  таъмини  амнияти  озуқавории   кишвар  мавриди  баррасӣ  қарор  дода  шуд.

 

Муфассал: Моҳипарварӣ соҳаи сердаромад

Покизагию парҳезкорӣ пешаи мост

Ҳамчун як тан аз шаҳрванди Тоҷикистон барои огоҳӣ аз рӯйдодҳои олам ҳарӯз рӯ ба рӯзномаю маҷаллаҳо меорам ва аз оинаи нилгун барномаҳои телевизиониро тамошо менамоям. Аз пешрафту тараққиёти кишвари маҳбубамон шод мешаваму аз норасигиҳо хастаҳол. Чанд муддат аст, ки вазъи ба амал омода оид ба пайдоиш ва паҳншавии касалии сироятии коронавирус дар соли 2020 кишвари дунё маро беташвиш намегузорад. Мебинам, ки чи гуна Сарвари кишварамон мо шаҳрвандонро чанд сол боз таъкид ба таъкид ба корҳои ободонию созандагӣ, истифодаи самараноки замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ҳидоят менамоянд.

 

Муфассал: Покизагию парҳезкорӣ пешаи мост

Самараи усули хона ба хона

Санаи  28  апрели  соли  2020  гурӯҳи  кории  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри Норак   бо  мақсади  пешгирӣ  ва  роҳ  надодан  ба  паҳншавии  бемории  коронавирус  ба  деҳаи  Навдеи  Ҷамоати  деҳоти  Дӯконӣ ва деҳаи Кибили Ҷамоати  деҳоти  Пули Сангин   рафта,  ба  аҳолӣ  бо  усули  хона  ба  хона  620 адад   варақаҳои   тарғиботӣ  ва  140  адад  ниқоб  тақсим  намуданд.

 

Муфассал: Самараи усули хона ба хона

Эҳтиёт - ними ҳаёт

Дар  ҳар  давру  замон  баҳри   солимии  ҷомеа  давлат  даҳҳо  санадҳои   меъёрию  ҳуқуқӣ  ба  тасвиб  мерасонад, то  ки  ҷомеа  солим  бошаду  пешрафту  тараққиёти   ҷамъият таъмин гардад.   Дар  давраи  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  кишвари  маҳбубамон  дар як  муддати кӯтоҳ  ба  пешравиҳои   гӯшношунид ноил  гардид, ки  ин  ҳама  аз тинҷию  осоиштагӣ,  ваҳдату ягонагии   халқи  тоҷик  шаҳодат  медиҳад.

Муфассал: Эҳтиёт - ними ҳаёт