Туҳфаи раиси вилояти Хатлон
- Нашр шуд: 05.05.2020 08:03
Рӯзи 5 майи соли 2020 намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Мусозода Саидмуъмин- сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон ба хонаи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташриф овард. Аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода Гулов Малахро ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик намуда, ба иштирокчии ҷанг туҳфаи раиси вилоятро супорид.