МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

Дасти сахо кам намешавад

Рӯзи  10  майи  соли  2020  раиси   шаҳри  Норак  Неъматзода  Маликшо  Маҳмадшо  аз  иқдомҳои  саховатмандони  соҳибкорони  маҳаллӣ  Муҳидов  Абдурасул,  Азимов Хӯҷамурод, Табаров  Муҳиддин,  Раҳимов  Ҷамшед, Сангов  Аҳлиддин, Табаров  Хуршед, соҳибкори  ватанӣ Шамсулло  Соҳибов бо  мақсади  амалигардонии  дастуру  супоришҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон оид  ба  пурзӯр   намудани   чораҳои  пешгирии  паҳн  гардидани  сирояти  коронавирус  дар  ҷумҳурӣ  изҳори   қаноатмандӣ  намуда...

Муфассал: Дасти сахо кам намешавад

Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ

Рӯзи  8  майи  соли  ҷорӣ  раиси  шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо  бахшида ба  75-солагии  Ғалаба ба  хотираи шаҳидони Ҷанги  Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) дар  пояи  лавҳаи ёдгории Аскари  номаълум гулчанбарг  гузошт.

 

Худи  ҳамон рӯз  ба  хонаи  иштирокчии Ҷанги  Бузурги Ватанӣ Гулов  Малах  ташриф оварда, туҳфаи мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳрро  супорида,  ӯро  ба Рӯзи Ғалаба шодбош  гуфт. Комиссари ҳарбии шаҳр ба Гулов Малах медали 75-солагӣ Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро супорида, ба ӯ тансиҳатӣ орзу намуд.

Муфассал: Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ

Кӯмак ба ниёзмандон

Рӯзи  8 майи  соли  2020 дар  доираи  чорабиниҳо  бахшида  ба  30-согаии Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  100  оилаи  ниёзманд  (ятимон,  маъюбон, шахсони яккаю  танҳо)   маводи хӯрока дастрас  карда  шуд.

 

Чунин иқдомҳои  наҷибона  аз  ҷониби соҳибкорону шахсони  саховатпеша   дар  шаҳр    идома  дорад.

Муфассал: Кӯмак ба ниёзмандон

Вазъи муътадил боиси хотирҷамъӣ нест!

Рӯзи 7 майи соли 2020 дар саҳни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) баргузор гардид.

 

Раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо аз натиҷаи корҳои ба сомон расонидаи гурӯҳҳои корӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дастур доданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати бе зарурат аз хона баромадани шаҳрвандон, ба аҳолӣ дастрас намудани ниқобҳо ва дигар маводҳои зарурӣ бештар намоянд. 

Муфассал: Вазъи муътадил боиси хотирҷамъӣ нест!

Корҳои дезинфексионӣ ин пешгирӣ аз пайдоиш, интиқол ва паҳншавии коронавирус COVID-19

Шуъбаи дезинфексионии профилактикии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак  оид ба ҳолати пешгирӣ аз пайдоиш, интиқол ва паҳншавии коронавирус COVID-19 дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаю тангкӯчаҳо, бозорҳои шаҳр, хонаҳои баландошёна, маҳаллаҳои истиқоматии ҷамоатҳои Дӯконию Пули Сангин, муассисаҳои таълимӣ, НБО-ҳои Нораку Бойғозӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳр корҳои безараргардонӣ гузаронида истодааст.

Муфассал: Корҳои дезинфексионӣ ин пешгирӣ аз пайдоиш, интиқол ва паҳншавии коронавирус COVID-19