Иқдоми накукоронаи Пешвои миллат
- Нашр шуд: 21.05.2020 05:48
Дар доираи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморони мубталои сирояти нави коронавирус рӯзи 20 майи соли 2020 корвони мошинҳои пурбор иборат аз маводҳо доруворӣ, антисептикӣ, таҷҳизотҳои тиббӣ, либосҳои ҳимоявӣ, рахти хоб, инчунин маводҳои хӯрокворӣ, аз қабили картошка, пиёз, биринҷу равған ва дигар маводҳои ғизоӣ вориди шаҳри Норак гардид.