Лоиҳа амалӣ мегардад
- Нашр шуд: 29.05.2020 10:04
Раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо аз рафти иҷрои корҳои сохтмонии лоиҳаи партовҳои сахти маишӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Дўконӣ ҳамсарҳадии деҳаи Хоҷаабдолон дидан намуд. Сохтмони мазкур дар доираи лоиҳаҳои партовҳои сахти маишӣ ба маблағи 1.750 ҳазор доллари ИМА амалӣ шуда, зиёда аз 90% корҳо ба анҷом расонида шудааст. Баъди ба итмом расонидани сохтмон партовгоҳи марказии шаҳр барои 30 соли оянда хизмат мерасонад.