Истифодаи мақсадноки замин
- Нашр шуд: 05.06.2020 11:39
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба сокинони деҳаҳои Кибил ва Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангин бо усули хона ба хона вохӯрда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасони онҳоро дидан намуда, дар доираи чорабиниҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба аҳолӣ ниқоби тиббӣ ва варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.