"Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст".
Эмомалӣ Раҳмон
28 - декабр Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардид.Бояд ёдовар шуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат оиди нақшу манзалати зан-модар беҳтарин суханҳо барои ин олиҳаи зиндаги гуфта шуд. Занони тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим дар ҷомеа нақши бориз доштанд. Онҳо бо фазилату накӯгавҳарӣ фарҳанги ҷомеаро пеш бурда, дар он тухми меҳру садоқат ва илму маърифатро кошта, онро пояндаву ҷовидон ва давомдори кишвари маҳбуби хеш нигоҳ доштаанд. Аз таъкидҳои Пешвои муаззами миллат айён гардид,ки "Соли 1989 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 66 ҳазор занони маълумоти олидор буданд.Ҳоло 256 ҳазор бонувони тоҷик дорои маълумоти олӣ ҳастанд". Аз ин маълумотҳо бар меояд ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сафи занону бонувони маълумоти олидор афзудааст.Занони тоҷик бо донишу малакаи баланди худ таваҷҷуҳи аҳли башарро ҷалб намуда, барои пешрафт ва рушду равнақ ёфтани кишвари хеш, пояндаву устувор нигоҳ доштани оила саҳми арзанда гузоштаанд. Занон дар баробари мустаҳкам нигоҳ доштани оилаи солим,хизмат ба давлату миллатро шарафи бузург ҳисобида, дар пешрафти он ҳамеша саъю талошҳо ба харҷ додаанд.Ҳамин аст, ки беҳдошти ҳаёти зан-модар, тарбия, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои он, пойдевори асосии сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон мебошад. Заҳматҳои Пешвои муаззами миллат ба он равона гардиданд, ки зан-модар ҳамчун симои воқеӣ, тарбиятгару созанда ва ободкору маърифатпарвар рушд ёбад. Аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавии ҷомеаро ба инобат гирифта, баҳри беҳтаргардонии шароити занон ва таълиму тарбияи маърифатпарваронаи онҳо камари ҳиммат баст.
Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Оли мамлакат аз ҷониби кормандони филиали "Нерӯгоҳи Бойгози"-и ҶСК "Барқи тоҷик".
-
Нашр шуд: 28.12.2023 10:16
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК АСОЗОДА ДИЛШОД АЛИМУРОД БАХШИДА БА РӮЗИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ
-
Нашр шуд: 28.12.2023 10:12
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи касбиатон самимимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо дар иҷрои рисолати бузурги касбӣ, аз ҷумла садоқат ба давлату миллат, ҳимояи неъматҳои муқаддасу беназир, озодиву истиқлолият, манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти миллӣ барору комёбиҳо орзу менамоем.
Маҳз дар ҳамон давраи ҳассосу сарнавиштсоз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҷиҳати барқарор намудани сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва ҳифзи тамомияти арзии мамлакат шуҷоату мардонагӣ нишон дода, дар амалиётҳои зиёди ҷангӣ ва фаврию ҷустуҷӯӣ ба муқобили дастаҳои террористиву экстремистӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, марзшиканӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дигар таҳдиду хатарҳо ба амнияту оромии давлат ва миллати тоҷик фаъолона иштирок намудаанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
-
Нашр шуд: 28.12.2023 10:08