МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Ноябр 2023
Норак

КУМИТАИ ТАДОРУКОТИ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар толори хурди мақомоти иҷроияи шаҳр таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода ҷалласаи Кумитаи тадорукоти бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
 
Дар ҷалласаи мазкур аъзои Кумитаи тадорукот, бо иштироки роҳбарони муассисаҳои шаҳр ва мудирони шӯъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи шаҳр иштирок намуда, доир ба таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифагузорӣ карда шуданд.
 

ИДОМАИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР БО АҲОЛИИ ШАҲР

Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 20 ноябри соли ҷорӣ дар минтақаи манзилии рақами 1-и шаҳри Норак вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, ҷавонон, занон, ва мудирони шӯъбаи бахшҳои мақомоти иҷроияи шаҳр оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, пешгирӣ ва роҳ надоданд ба фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, таъмини волояти қонун, сари вақт ошкор ва кушодани ҷиноятҳо, муътадил нигоҳ доштани вазъи ҷиноӣ ва мустаҳкам намудани алоқа бо аҳолӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷоме ва даъвати ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
 

Муфассал: ИДОМАИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР БО АҲОЛИИ ШАҲР