МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Ноябр 2023
Норак

АЁДАТИ ТИФЛОНИ НАВЗОД ДАР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Санаи 16 ноябри соли 2023 муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваллудхонаи шаҳри Норак ба аёдати 4 нафар модарони тифлони навтаваллуд, ки дар санаи 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуданд рафта дар ҳолати тантанавӣ ба волидайни кӯдакони навзод бо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, табрик намуданд.

 

Муфассал: АЁДАТИ ТИФЛОНИ НАВЗОД ДАР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

АКСИЯИ ТАБЛИҒОТИ ТАҲТИ УНВОНИ “ПЕШВОИ МО - ИФТИХОРИ МО!” ДАР МАРКАЗИ ШАҲРИ НОРАК

Санаи 16-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Норак аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Пешвои мо - ифтихори мо!” баргузор гардид.
 
Аксия дар ҳамбастагӣ бо ширкати "Як таксӣ" сурат гирифта, зимни он аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ронандагон тақдим карда шуд.
 
Аксияи мазкур дар шаҳри Норак дар шакли сайругашт бо Парчами миллӣ сурат гирифт.
 

ПЕШВОИ МО ИФТИХОРИ МО

Имрӯз 16 ноябри соли равон дар Филллиали МГТ -и "Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант дар шаҳри Норак" Конференсияи сиесӣ-фарҳагӣ таҳти унвони "Пешвои мо ифтихори мо" бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 солагии Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олӣ бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо занон ва оила Шулашова Ҳабиба, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат, роҳбарият ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ доир гардид.
 
Зимни ироаи Паёми табрикии муовини Раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро корномаҳои беназири таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ ёдовар гардида, аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун эъломияи Истиқлолияти давлатӣ муҳим унвон дод, заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани шароити арзандаи кору зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат ёдовар гардида, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварро намунаи равшани ин тадбирҳо арзёбӣ кард.
 

АЁДАТИ БЕМОРОНИ ШУБАИ БЕМОРИҲОИ РӮҲӢ ВА НАРКАЛОГИИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ НОРАК

Санаи 16 ноябри соли 2023 муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид бахшида ба Рӯзи Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати беморони Шӯъбаи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологии беморхонаи марказии шаҳри Норак рафтанд.
 
Зуҳро Ҳакимзода-муовини раиси шаҳри Норак қайд намуданд, ки беморону ашхоси ниёзманд ҳамеша ба дастгириву таваҷҷуҳ эҳтиёҷ доранд.Аз ҳамин сабаб ҳукумату давлат ба ин гуна нафарон ҳамеша таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир намуда пайваста аз ҳолу аҳволашон огоҳ мегарданд.
 

Аёдати собиқадори меҳнат

Сана 15 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид, ба аёдати собиқадори меҳнати 92-сола Бобиев Ҳасан рафта, аз саломатии эшон бохабар шуданд.