МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Ноябр 2023
Норак

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - НИШОНА АЗ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКОН МЕБОШАД!

Таҷлил намудани Рӯзи Президент дар кишварҳои гуногун таърихи хеле қадима дорад. Ҷомеаҳои мутамаддин ҳамеша санаҳои сарнавиштсоз ва хосро гиромӣ дошта, ба хотири арҷ ва эҳтиром гузоштан чунин рӯзҳоро бо шукӯҳу шаҳомат ва тантанаи хос таҷлил менамоянд. Агар ба таърихи таҷлил намудани Рӯзи Президент таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки имрӯз дар як қатор давлатҳои ҷаҳон чунин рӯз ҷашн гирифта мешавад.
Давлатҳо дар аксар маврид рӯзҳои муҷаддас ва таърихиро тавассути қонун ҳамчун рӯзи Ид эълон мекунанд. Масалан, дар Амрико, Қазоқистон ва дигар давлатҳо ҳамасола рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Амрикоиҳо, ки дар ҷаҳон яке аз ташаккулдиҳандагони ҷомеаи озод ва демократӣ муаррифӣ гардидаанд, ҳанӯз аз оғози соли 1970 ҳамасола Рӯзи Президентро таҷлил менамоянд. Конгреси Амрико соли 1970 ба Қонун “Дар бораи Рӯзҳои ид” тағйирот ворид намуда, “душанбеи сеюми моҳи феврал”-ро ҳамчун Рӯзи Президенти Амрико пазируфт. Бояд гуфт, ки Конгреси Амрико сабаби эълон намудани ин санаро чунин баён доштааст: “Ба хотири арҷ гузоштан ба хизматҳои Президент дар роҳи рушди озодӣ, таъмини адолат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ муҳим аст, ки ҳамасола душанбе сеюми моҳи февралро ҳамчун рӯзи Президенти Амрико ҷашн гирем. Яъне, мардуми Амрико бо дарки баланди мавқеи Президент дар рушди ҷомеа ва нақши он дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамасола Рӯзи Президентро ҷашн мегиранд.
 

Муфассал: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - НИШОНА АЗ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКОН МЕБОШАД!