МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Ноябр 2023
Норак

ИДОМАИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР БО АҲОЛИИ ДЕҲОТ

Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 7 ноябри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13- и деҳаи Гирдоби Ҷамоати деҳоти Пули Сангин вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, ҷавонон, занон, ва мудирони шӯъбаи бахшҳои мақомоти иҷроияи шаҳр оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, пешгирӣ ва роҳ надоданд ба фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, таъмини волояти қонун, сари вақт ошкор ва кушодани ҷиноятҳо, муътадил нигоҳ доштани вазъи ҷиноӣ ва мустаҳкам намудани алоқа бо аҳолӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷоме ва даъвати ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
 
Дар вохӯри аз тарафи баромадкунандагон қайд карда шуд, ки вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст.
 

КОНСТИТУТСИЯ – ИФОДАГАРИ АЗМУ ИРОДАИ ХАЛҚ

Дар толори маҷлисгоҳи филиали "Нерӯгоҳи Норак"-и ҶСК "Барқи тоҷик" ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони "Конститусияи-ифодагари азму иродаи халқ" баргузор гардид.
 
Дар ҳамоиш муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, роҳбарияти Нерӯгоҳ ва кормандон он иштирок намуданд.
 
Иброз гардид, ки Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо» муносибатҳоро оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо ба танзим дароварда, ҳуқуқпоймолкуниро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ менамояд ва амалигардонии имконоти баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар менамояд.
 

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳамватанони азиз!
 
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
 
Ҳанӯз бисту нуҳ сол муқаддам аз ҷониби мардуми шарафманди кишвар бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини тоҷикон қабул гардид.
Ин дастоварди воқеан таърихӣ барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмин гардидани суботи конститутсионӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мустаҳкам гузошт.
 
Гузашта аз ин, қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид.
Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.
 
Аз ҷониби мардум дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсӣ якдилона қабул гардидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз, пеш аз ҳама, гувоҳи аз ҷониби халқи Тоҷикистон дастгирӣ ёфтани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат буда, ба ҷаҳониён ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва анъанаҳои созандаву бунёдкорона доштани мардуми кишварро собит сохт.
 

Муфассал: Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба...

Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимуродба муносибати 29-умин солгарди Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.
 
Бинобар ин, ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро ба фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишварамонро таъмин намуда, кафили баробарҳуқуқии шахс, озодӣ, дӯстии тамоми халқу миллатҳо мебошад, табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон хотири ҷамъ, саломатии комил, хонаободӣ ва дастоварду муваффақиятҳои бепоён таманно менамоям.
 
Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.
 

Муфассал: Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимуродба муносибати 29-умин солгарди Рўзи...