МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 
Апрел 2023
Норак

ТАРБИЯ НАМУДАНИ ФАРЗАНД ВАЗИФАИ АСОСИИ ПАДАРУ МОДАР, ОМӮЗГОР ВА ҶОМЕА МЕБОШАД!

Дар санаи 29 - апрел тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар МТМУ № 10 - и деҳаи Чашмаи Ҷамоати деҳоти Дӯкони шаҳри Норак вохӯри бо падару модарони хонандагон баргузор гардид.
 
Дар он муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Зайниддинов Азамат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муфассал: ТАРБИЯ НАМУДАНИ ФАРЗАНД ВАЗИФАИ АСОСИИ ПАДАРУ МОДАР, ОМӮЗГОР ВА ҶОМЕА МЕБОШАД!

ҚАБУЛИ МЕҲМОНОН АЗ ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН ДАР ШАҲРИ НОРАК

27 апрели соли 2023 дар шаҳри Норак Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва Қодирхонова Малика Акбаровна- Раиси комитети сенати олии маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон - оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистонро муовинони раиси шаҳри Норак дар назди даромадгоҳи НБО-и Норак ба номи Т.Улҷабоев бо барномаи фарҳанги пешвоз гирифтанд.
 
Дар доираи сафар меҳмонон аз мавзеъҳои таърихӣ ва макони нури НБО-и Норак дидан намуданд.

Муфассал: ҚАБУЛИ МЕҲМОНОН АЗ ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН ДАР ШАҲРИ НОРАК

САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода аз самаранок истифода намудани заминҳои назди муассасаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 -дидан намуданд.
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониашон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон вобаста ба истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида, корам, наздиҳавлигӣ, шартномавӣ,назди муассасаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ, дурусту оқилона истифода бурдани заминҳо ва рӯёнидани 3-4 ҳосил дар як сол, инчунин ғанӣ гардонидани бозорҳо аз маҳсулоти тару тозаи ватанӣ чунин қайд намуда буданд: «Бинобар ин, бори дигар роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор менамоям, ки фаъолияти худро доир ба корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар хусуси истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан, заминҳои Президентӣ, ташкили гармхонаҳо ва баланд бардоштани маданияти истифодаи замин тақвият бахшанд».

Муфассал: САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

27 апрел дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот карданд.
 
Дар мулоқот Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, аъзои Ҳукумати кишвар, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи сафари корӣ дар вилояти Хатлон ва мулоқот бо роҳбарону фаъолон вобаста ба вазъи буҳронии ҷаҳони муосир баррасӣ кардани вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, шиносоӣ бо рафти корҳои кишоварзӣ, вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим, таъсири он ба иқтисоди кишвар ва бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарону фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
 
Муфассал: МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА