МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2023
Норак

ҶАШНИ НАВРӮЗИ БОСТОН - САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАҲОНИШАВИИ ОН

«Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро ба монанди забони модарии худ накӯ нигоҳ дошт.Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёкони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд".
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
 
Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни ориёиҳо буда,Наврўз ва баҳорро ҳамчун ба зиндагии пас аз марг шабоҳат медиҳанд. Наврўз дар фарҳанги мо тоҷикон рўзи нав, рўзи зиндагии нав, рўзи шодӣ, рўзи адлу эътидол, рўзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рўзи оштӣ аст. Табиат, таърих ва инсон дар ин рўз ҷони тоза меёбанд. Чуноне Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст:
Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд, Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.
 

Муфассал: ҶАШНИ НАВРӮЗИ БОСТОН - САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАҲОНИШАВИИ ОН

ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ!

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2017 ҳар сол рӯзи 20 март Рӯзи фарҳанг ҷашн гирифта мешавад.
 
Имрӯз 20 марти соли 2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро ва роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ шаҳр ҷамъомади тантанавӣ таҳти унвони "ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ!" доир карда шуд.
 
Дар ҷамъомад Зуҳро Ҳакимзода-муовини раиси шаҳр баромад намуда қайд намуд, ки ҳар миллат бо доштани таърих, тамаддун, фарҳанг ва сарзамини худ метавонад як давлати абаркудрат ва поянда ташкил намояд. Фарҳанг асоси шинохти миллат ва давлат аст. Халқи тоҷик ҳамчун як шохаи ориёнои бузург бо доштани фарҳаги хоси худ, ҳамеша суннатҳои аҷдодии худро эҳтиром ва нигоҳ медорад. Фарҳанг аз калимаи лотини «cultura» гирифта шуда маънои тарбия, омӯзиш, тараққиёти рафторро дорад.
 

Муфассал: ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ!

Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз-2023

Ҳамватанони азиз!
Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод ва яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ буда, гузаштагонамон онро ҳамчун пайки шодиву сурур, оғози бедории табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва фасли шукуфоӣ таҷлил менамуданд.
Боиси хушҳолӣ ва сарбаландии мо тоҷикон аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва қабули қатъномаи Шурои 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 26 феврали соли 2010 ҷашни Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ пайдо намуда, ҳамасола дар кишвари азизи мо санаҳои 21-24 март бо риояи расму анъанаҳои миллӣ дар сатҳи баланд баргузор карда мешавад.
 

Паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ – ойини баробаршавии шабу рӯз ва эҳёи табиат самимона табрик мегӯям.
Дар айёми омодагӣ ва таҷлили ҷашни Наврӯз мо шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ барои таҳқиқу омӯзиши ҳамаҷонибаи суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва маросиму ҷашнҳои асили миллиамон, аз ҷумла Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон ва оммавӣ гардонидани онҳо имконият пайдо кардем.
Дар замони соҳибистиқлолӣ мо на танҳо ҷашну ойинҳои бостониамонро эҳё намудем, балки онҳоро ҳамчун падидаҳои дорои аҳаммият ва арзиши умумибашарӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ кардем.
Соли сездаҳум аст, ки Наврӯз – ҷашни бостонии миллии мо ва мардумони ҳавзаи тамаддуни он дар миқёси байналмилалӣ таҷлил мегардад.
 

Муфассал: Паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз