МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2023
Норак

ГУШТИНИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон, бо ҳидояту таваҷҷӯҳи ғамхорона ва андешаҳои дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллати тоҷик муяссар гардид, ки дар баробари эҳё намудани фарҳангу тамаддуни ниёгон намудҳои варзиши миллӣ, бахусус, гӯштини миллиро, ки таърихи садсолаҳо дошта, қувваю бозу ва ҷасорати паҳлавонии фарзандони кишвари моро муаррифӣ мекунад, мавқеъ ва мақоми баланд эҳдо намоянд.

Оростани дастурхони идона

Оростани дастурхони идона дар қисмҳои ҳарбии 6593-и Вазорати Адлия ва 1054 - и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ.

  

Муфассал: Оростани дастурхони идона

АЁДАТИ АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМҲОИ ҲАРБӢ БАХШИДА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 18 марти соли 2023 муовини якуми раиси шаҳр-Азимзода Шуҳрат, муовинони раиси шаҳр-Ҳакимзода Зуҳро, Маҳмадизода Хайрдин, мудири бахши кор бо занон ва оила ва намояндаи ШВКД дар шаҳри Норак ба қисмҳои ҳарбии 6593-и Вазорати Адлияи ва 1054 - и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ташриф оварда, фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба афсарону сарбозон табрик намуданд.

АКСИЯИ ТОЗАГӢ БАҲРИ САЗОВОР ПЕШВОЗ ГИРИФТАНИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Санаи 17 марти соли 2023 дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки кормандони корхонаю муассисаҳо ва ҷавонони шаҳр бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани назди соҳили дарёи Вахш ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аксияи тозагӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор карда шуд.

 

Муфассал: АКСИЯИ ТОЗАГӢ БАҲРИ САЗОВОР ПЕШВОЗ ГИРИФТАНИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ