ДӮСТ ОЯД ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР
- Нашр шуд: 16.03.2023 11:57
Мулоқоти муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид бо иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” шаҳри Душанбе дар НБО-и Норак.
Бояд гуфт,ки ин гуна чорабиниҳо на танҳо робитаи дӯстии ҷавонони дохилиро, балки бо ҷавонони дигар миллатҳо, имконият медиҳанд, ки таърихи пурғановати миллати тоҷик ва муаррифгари Ватани азиз бошем.
ДӮСТ ОЯД ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР
- Нашр шуд: 16.03.2023 09:24
Имрӯз 16 марти соли 2023 иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” шаҳри Душанбе ба шаҳри Норак ташриф оварданд.
Меҳмононро муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат ва дигар фаъолон самимона пешвоз гирифтанд.
Саравал ҳайати меҳмонон аз обанбори НБО-и Норак дидан намуданд. Бояд гуфт,ки ин гуна чорабиниҳо на танҳо робитаи дӯстии ҷавонони дохилиро, балки бо ҷавонони дигар миллатҳо, имконият медиҳанд, ки таърихи пурғановати миллати тоҷик ва муаррифгари Ватани азиз бошем.
ИДОМАИ КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПУЛИ САНГИН
- Нашр шуд: 16.03.2023 06:35
Дар асоси Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 16 марти соли ҷорӣ дар деҳаи Далдахурони Ҷамоати деҳоти Пули Сангин "КОРВОНИ САЛОМАТӢ" бо иштироки мутахассисони шабакаи муассисаҳои КАТС, беморхонаи марказӣ, марказҳо ва шубаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.
Муфассал: ИДОМАИ КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПУЛИ САНГИН