МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2023
Норак

КОРВОНИ САЛОМАТӢ

Дар асоси Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 9 марти соли ҷорӣ дар деҳаи Чал-Чали Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ "КОРВОНИ САЛОМАТӢ" бо роҳбарии шабакаҳои муассисаҳои КАТС, марказҳо ва мудири шубаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.

 

Муфассал: КОРВОНИ САЛОМАТӢ

БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИҲО ДАР ШАҲРИ НОРАК

Бо мақсади ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи диёрамон, субҳи имрӯз аз ҷониби кормандони ташкилоту идораҳо дар кучаю маҳаллаҳои шаҳр ва шоҳроҳи Душанбе-Кулоб ҳашари умуми баргузор карда шуд.
 
Дар ҳашари мазкур кормандони роҳраву муассисаҳои шаҳр гулгашт ва ҷуйборҳои обгузарро аз партов тоза намуда, бехҳои дарахтони сояфканро нарм намуданд.
 
Инчунин, бо фаро расидани фасли баҳор, баҳри боз ҳам зебо гардонидани шаҳрамон, дар хиёбону гулгаштҳо гулҳои мавсимии ороишӣ ва дарахтони сояафкан шинонида шуд.
 

ХИЗМАТ БА ВАТАН БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ҚАРЗ АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки: “Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат инчунин, риояи талаботи ойиномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.
 
Аслан, хизмат ба Ватан ин ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардӣ ва ҷасорат буда,чунон чи мафҳум дар бархе аз ҷавонони далеру ҷасур ва ватанпарасту хештаншинос дарк намуда, дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилона хизмат мекунанд. Имрӯз, ки дар Тоҷикистон оромӣ пойдор асту шароити хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб аст, барои саркашӣ аз хидмат баҳонае мавҷуд буда наметавонад. Хидмат ба Ватан –Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ мебошад.
 
Ин гувоҳи он аст, ки шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад. Ҳамзамон, дар шаҳр корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва омодагии ҳарбии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Гузашта аз ин, омилҳои вусъатбахши худшиносӣ ва меҳанпарастии ҷавонон дар ростои сиёсати кунунии Давлату Ҳукумат кор дода истодаанд. Бовар дорем, ки ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватанро ҷавонон аз вазифаҳои муҳими худ медонанд.