МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2023
Норак

НИЗОМИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ХОНАНДАГОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲР

10 - март дар толори шӯъбаи маорифи шаҳр ҷаласаи кори дар мавзӯъи " Низоми таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳои таълимии шаҳр" бо иштирок муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода ,мудири шӯъбаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.
 
Қайд намуданд,ки имрӯз вақти он расидааст,ки низоми таълиму тарбияи хонандагонро дар муассисаҳои таълими зери назорати ҷиди қарори диҳем. Зеро назорати доимии ноболиғону ҷавонон вазифаи ҷонии падару модар, масъулини муассисаҳои таълимӣ ва ҳар фарди солимфикри ҷомеа маҳсуб ёфта, пешрафту шукуфоӣ ва ояндаи ҷомеа аз ин насли бунёдгар вобастагии калон дорад. Вале, мутаассифона, ҷой доштани ҳолатҳои беҳудагардиву бадахлоқӣ ва бетартибии баъзе намояндагони ин насли умедбахш ҳангоми дарс, дар баробари бемасъулиятии волидон, ҳамзамон то ҷое аз бепарвоии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ низ гувоҳӣ медиҳад.