НАҚШИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ТАРҒИБИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ!
-
Нашр шуд: 10.03.2023 14:22

Муҳтарам рӯзноманигорон ва кормандони соҳаи матбуот! Ҳама сола бо фарорасии зеботарини фасли сол баҳори хуҷастапай дар кишвари офтобрӯи мо як қатор ва силсила ҷашнҳо таҷлил мешаванд.Аз ҷумла 8 март-Иди Модарон, 11 март-Иди матбуот,ҷашни Навруз ва дигар ҷашнҳо бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.Имрӯз рузноманигорони мо ҳама сола иди касбии хешро дар ҳамин рузи 11 март ҷашн мегиранд, зеро 11 марти соли 1912 яьне 111 сол қабл аз ин нахустин шумораи тоҷикии “Бухорои Шариф” нашр гардида буд.Нахустин шумора ин нашрияи тоҷики баҳонае шуд то ҳама сола дар ҳамин руз иди матбуотро таҷлил менамоянд.
Рӯзномаи «Бухорои Шариф», ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ манфиатҳои миллӣ тоҷиконро ҳимоя мекард бад аз нашри 153 шумора аз ҷониби бадхоҳони миллат баста шуд. Аммо он ҳамчун марҳилаи пайдоиши нашрияи миллӣ ба идома ва рушди соҳаи матбуот заминаи боэътимод гузошт. Минбаъд дар оғози бунёди матбуоти миллӣ шахсиятҳои ватандӯсти миллат чун Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзода хизматҳои шоён кардаанд.
Муфассал: НАҚШИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ТАРҒИБИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ!