МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2023
Норак

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи модар

Модарону бонувон ва хоҳарони азиз!
 
Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни мубораку фархундаи Рӯзи модар, ки ҳар сол дар рӯзҳои нахустини фасли зебои баҳор таҷлил мегардад, сидқан шодбош мегӯям.
Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтии оилавӣ ва рӯзгори ободу босаодат орзу менамоям.
 
Ба оғози баҳор ва давраи омодагӣ ба Наврӯз рост омадани Рӯзи модар рамзи ҳамоиши ду неруи бузурги зиндагиофар аст.
 
Зеро агар Наврӯз оғози эҳёи табиат бошад, зан – модар офарандаи ҳаёти инсонӣ мебошад.
 
Ба ибораи дигар, зиндагии аҳли башар аз домони поки модар ва шири сафеду ҷонбахши ӯ сарчашма мегирад.
 
Тамоми бузургони оламро, ки хизматҳои барҷастаи таърихӣ анҷом додаанд ва инсоният бо ному корномаи онҳо ифтихор мекунад, модар ба дунё овардааст ва дар оғӯши пурмеҳри худ парваридааст.
 
Бо самимияту дӯстдорӣ ва муҳаббату қадршиносӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар дар кишвари мо нишонаи эътибору эҳтироми давлату Ҳукумат ва мардуми мамлакат ба модар ва қадру манзалати шоистаи ӯ мебошад.
 
Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст.
 

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйерде

7 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд.
 
Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ давоми 30 соли шарикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар кишвари мо бо иштироки ин ниҳоди молиявӣ изҳори сипосу қаноатмандӣ карданд.
 
Зимни суҳбат оид ба ҷалби бештари сармоягузориҳои шарикони рушд ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат табодули андеша сурат гирифт.
 

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН

Ба ифтихори Рӯзи Модар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и шаҳри Норак чорабинии идона аз ҷониби МТМУ-и рақами 2 ва МТМУ-и рақами 28 шаҳр бо иштироки муовини раиси шаҳр- Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак-Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, мудири маорифи шаҳр-Ҳайдарзода Садбарг, ва омӯзгорон ва хонандагони муассиса баргузор гардид.
 
Зуҳро Ҳаикмзода-муовини Раиси шаҳр зимни баромад зикр намуд намуд, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.
 
Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст. Ин рисолат раҳнамои рўзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд.
 
Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои судмандро амалӣ гардонд.