МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2023
Норак

НАҚШИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

1 марти соли 2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бахшида ба «Рӯзи модар» мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши занону бонувон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод, муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, фаъолзанони шаҳр ва собиқадорон занони барӯманди шаҳр, баргузор карда шуд.
 
Асозода Дилшод Алимурод -раиси шаҳри Норак кулли бонувони шарафманди шаҳрро бо иди Баҳор ва Рӯзи Модар шодбош намуда, зимни баромади хеш зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст.