ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР ШАҲРИ НОРАК
-
Нашр шуд: 23.03.2023 04:48

Санаи 21 марти соли ҷорӣ ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ дар майдони марказии шаҳр чорабинии тантанавӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, иштироки меҳмон доир гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод, раиси иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Сайдалӣ Сабзалӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд.
Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод қайд намуд ки Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод ва яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ буда, гузаштагонамон онро ҳамчун пайки шодиву сурур, оғози бедории табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва фасли шукуфоӣ таҷлил менамуданд.
Боиси хушҳолӣ ва сарбаландии мо тоҷикон аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва қабули қатъномаи Шурои 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 26 феврали соли 2010 ҷашни Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ пайдо намуда, ҳамасола дар кишвари азизи мо санаҳои 21-24 март бо риояи расму анъанаҳои миллӣ дар сатҳи баланд баргузор карда мешавад. Маврид ба зикр аст, ки ташаббуси панҷуми Пешвои миллат дар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, оғоз аз соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Наврӯз бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи Шуморо бо ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки Соли нави мардумони ориёист табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ, файзу нусрати баҳорӣ ва тандурустиву баракати рӯзгорро орзу менамоям.
Муфассал: ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР ШАҲРИ НОРАК