МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ НОРАКИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИНИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
- Нашр шуд: 31.01.2023 11:35
ДАСТГОҲ
Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр –1 ҷой
-талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбӣ, филолог, сотсиолог, сиёсатшинос, психолог, ҳуқуқшинос, омӯзгорӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-собиқаи корӣ тибқи Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда намешавад.
Маоши мансабӣ 933,40 (нуҳсаду сиву се сомонию чил дирам), иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.