МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2023
Норак

ГУШТИНИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон, бо ҳидояту таваҷҷӯҳи ғамхорона ва андешаҳои дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллати тоҷик муяссар гардид, ки дар баробари эҳё намудани фарҳангу тамаддуни ниёгон намудҳои варзиши миллӣ, бахусус, гӯштини миллиро, ки таърихи садсолаҳо дошта, қувваю бозу ва ҷасорати паҳлавонии фарзандони кишвари моро муаррифӣ мекунад, мавқеъ ва мақоми баланд эҳдо намоянд.
 
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр санаи 19 марти соли 2023 дар маҳаллаи Сари Боллои шаҳри Норак мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди Гӯштини миллӣ байни наврасону ҷавони шаҳр бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ гузаронида шуд.