АЁДАТИ АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМҲОИ ҲАРБӢ БАХШИДА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ
- Нашр шуд: 19.03.2023 08:58
Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 18 марти соли 2023 муовини якуми раиси шаҳр-Азимзода Шуҳрат, муовинони раиси шаҳр-Ҳакимзода Зуҳро, Маҳмадизода Хайрдин, мудири бахши кор бо занон ва оила ва намояндаи ШВКД дар шаҳри Норак ба қисмҳои ҳарбии 6593-и Вазорати Адлияи ва 1054 - и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ташриф оварда, фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба афсарону сарбозон табрик намуданд.
Зимни вохӯрӣ Таъкид гардид, ки Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Тоҷикистон бо шукӯҳу нусрати хос дубора эҳё гардида, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Талошҳои Ҳукумати мамлакат барои беҳтарсозии вазъи қисмҳои ҳарбӣ ёдовар шуда, афзуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз қодиранд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рўз аз рўз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар асоси дастуру супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомӣ барои афсарону сарбозон дастархони наврӯзӣ густарда шуд.