ИДОМАИ КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПУЛИ САНГИН
- Нашр шуд: 16.03.2023 06:35
Дар асоси Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 16 марти соли ҷорӣ дар деҳаи Далдахурони Ҷамоати деҳоти Пули Сангин "КОРВОНИ САЛОМАТӢ" бо иштироки мутахассисони шабакаи муассисаҳои КАТС, беморхонаи марказӣ, марказҳо ва шубаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.