ДӮСТ ОЯД ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР
- Нашр шуд: 16.03.2023 09:24
Имрӯз 16 марти соли 2023 иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” шаҳри Душанбе ба шаҳри Норак ташриф оварданд.
Меҳмононро муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат ва дигар фаъолон самимона пешвоз гирифтанд.
Саравал ҳайати меҳмонон аз обанбори НБО-и Норак дидан намуданд. Бояд гуфт,ки ин гуна чорабиниҳо на танҳо робитаи дӯстии ҷавонони дохилиро, балки бо ҷавонони дигар миллатҳо, имконият медиҳанд, ки таърихи пурғановати миллати тоҷик ва муаррифгари Ватани азиз бошем.