ПАЙРАВИ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
- Нашр шуд: 02.05.2020 04:49
Раиси шаҳри Норак маоши вазифавии як моҳаи худро, ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти иҷроия, роҳбарони корхонаю идораҳо, соҳибкорони бонангу номус ва шаҳрвандони алоҳида ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи "COVID-19" кушода шудааст, саҳм мегузоранд.
Мо ҳамшаҳриён хурду калон бо шумоем, духтурон ва ҳамшираҳои шавқат, онҳое, ки имрӯзҳо дар сафи пеши мубориза бо ин бемории сирояти ҳастед.
Шаҳрвандони азиз, сиҳати ва саломатии мо дар дасти худи мою шумост. Биоед худро аз ҳама гуна бемориҳо бо эҳтиёткорӣ наҷот диҳему тавсияҳоро риоя намоем.
Ба ин васила кумаки ҷидди ба табибон мекунем.
Биоед, якҷоя табибон ва ҳамшираҳои шафқатро, ки ҳамеша, алалхусус дар ин рӯзхо шабонарӯзи дар хизмати шаҳрвандонанду пайвандони худро дер дер мебинанд, онҳо ва пайвандони онҳоро аз лиҳози модди ва маънавӣ дастгири кунем, то ҳарчи зудтар онҳо ба тартиби оддии корӣ баргарданд.
Воқеан пайрави Пешвои муаззам будан, ватанпарасту миллатдӯст будан, маҳз дар чунин лаҳзаҳо амалан исбот мешавад. Мо метавонем!