Фаъолияти Шӯрои кор бо ҷавонон
- Нашр шуд: 24.04.2020 12:47
Рӯзи 23 апрели соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо Шӯрои кор бо ҷавонон баргузор гардид.
Дар аввал мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ҳусензода Фаридун-котиби Шӯро аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Шӯрои кор бо ҷавонон ҳисобот доданд.
Сипас раиси Шӯро Неъматзода Маликшо Маҳмадшо дар назди ҳозирин баромад намуда, ҷавононро ба пешгирии ҳолатҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷинояткорӣ, гаравидани бархе аз ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, омӯзиши касбу ҳунар, забонҳои русию англисӣ, фанҳои дақиқ, ихтироъкорию навоварӣ, хештаншиносию меҳанпарастӣ ҳидоят намуд.
![]() |
![]() |
![]() |