Машварат дар бораи самарранок истифода бурдани замин
- Нашр шуд: 24.04.2020 12:29
Санаи 22 апрели соли 2020 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварат ҷиҳати вусъат бахшидан ба кишту кори баҳорӣ, саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои пухтарасида ва ба ҷойи онҳо гузаронидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар асоси амри раиси шаҳр аз 20 апрели соли 2020, №10 бо роҳбарии мудири бахши кишоварзӣ Носирзода К, котиби ситоди шаҳрӣ баргузор гардид. Дар машварат раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуданд. Ҳамчунин сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Набиев С оид ба Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пайдо шудану босуръат паҳн гардидани коронавирус дар ҷаҳон, таъкидҳои Пешвои муаззами миллат дар бораи он, ки ба таҳлука наафтем, ба воҳима дода нашавем, баръакс бо сабру таҳамул бошем, фидокорона ва боаҳлона кор кунем, заҳмат кашем, киштукори баҳориро саривақту бо сифат анҷом диҳем , бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, инчунин мувофиқи дастуру тавсияҳои мутахассисон амал намуда ба тозагии манзили истиқоматӣ, маҳалли зист, риояи тарзи ҳаёти солим, қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддисироятӣ эътибори фавқулода диҳем, суханрони намуд.
![]() |
![]() |
![]() |