Ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ
- Нашр шуд: 23.04.2020 06:56
Рӯзи 23 апрели соли 2020 тибқи дастури раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо дар майдони марказии шаҳр бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси фаврӣ ва ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ баён доштанд, ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ баргузор гардид.
Кишоварзон иқдом гирифтанд, ки дар давоми сол чунин ярмаркаҳоро баргузор намуда, аҳолии шаҳру деҳотро бо маҳсулоти тару тоза ва нархи дастрас таъмин намоянд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |