МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2025
Норак

Фаъолияти семоҳаи якуми соли 2020 ҷамъбаст гардид

 

20  апрели соли 2020 дар толори  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Норак  ҷаласаи ҷамъбастии  нишондиҳандаҳои  иҷтимоию иқтисодии  шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2020 баргузор гардид.

 

Раиси шаҳр Неъматзода М.М аз натиҷаҳои  рушди  иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2020  изҳори қаноатмандӣ намуда, диққати ҳозиринро ба иҷрои кишту кори баҳорӣ,  андешидани чораҳои санитарию гигиенӣ  доир ба пешгирии бемории  сироятии коронавирус,истеҳсолу захираи кофии  маводи хӯрокворӣ,истифодаи самараноки замин ва дигар масъалаҳо ҷалб намуд.

 

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Мирзозода Рустам-раиси Суди вилояти Хатлон дар ҷаласа иштирок ва суханронӣ намуд.