Маром нек иқдом ба пеш
- Нашр шуд: 19.04.2020 11:13
Тоҷикистон дар масири даврони сиҳибистиқлолӣ мавқеъ ва манзалати худро ҳамчун давлати соҳибтамаддун ва мероси гаронбаҳодошта дар дунё муаррифӣ ва мавриди арзёбӣ қарор дод.
Пайванди наслҳо, омӯзиши таърихи тамаддунофари он тавонист, ки ба умқи фарҳанги куҳанбунёд нохун занад. Ва ҳамин буд, ки имрӯзҳо давлати тозабунёдро бо фарзандони фарзонааш, бо навбунёдӣ ва равандҳои пешрафтаву созандааш мешиносанд. Боиси фархундагист, ки Душанбешаҳр бо ташаббус ва роҳбарии фарзанди накуноми миллат муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯ ба сӯи рушд ва созандагӣ намудаву биҳишти рӯи замин гашта.
Биноҳову гулгаштҳои зебо, чеҳраҳои гарму самимонаи мардум, созандагиҳои гушношунид ва раванди ҷаҳонишавии пойтахти кишвар бешак заҳмати як нафар фарзанди миллат-Рустами Эмомалист.
Нақша ва марому ҳадафи ин ҷавонмарди асил аз ҷавҳари зебогиву созандагӣ ва миллатгароӣ ба пайванди наслҳо омехта шуда,орзуи азалии ӯ хушбахтии мардуми тоҷик ва Тоҷикистониҳост.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ масъулияти ин ҷавони боғайрату рустамсифатро боз дучанд намуд.
Дар давоми фаъолияти корӣ дар вазифаҳои гуногун обутоб ёфта, ҳар як масъулияти бар уҳда доштаро бо ҳисси баланди ватандӯстию мардумпарварӣ, кордонию хирадмандӣ, ободкорию созандагӣ иҷро намудаанд.
Боварии комил дорем, ки дар ин раванд низ бо иродаи қавиву ғайрати рустамона ба сӯи умеду орзуҳои наҷиб қадам зада, зангулаи навидҳои навро ба гуши мардуми тоҷик хоҳад расонд.
Мардуми сарбаланди Норакшаҳр ба ин фарзанди фарзонаи миллат барори кор ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои некандухтаи ӯ муваффақиятҳои беандоза хоҳонанд.