МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2025
Норак

Иҷрои супоришҳои маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи  17  апрели  соли 2020  дар  толори    мақомоти иҷроияи  шаҳр  ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр ҷиҳати иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 2020 баён намуданд,  баргузор  гардид.

 

Дар  ҷаласа  аъзои  ситоди  шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва пешгирии сирояти коронавирус,  роҳбарони  муассисаҳои  тандурустӣ,  раисони  ҷамоатҳо,  сардорони  муассисаю  корхонаҳо,  минтақаҳои  манзилӣ, мақомотҳои   ҳифзи  ҳуқуқ, фаъолони шаҳр, соҳибкорон  иштирок доштанд.

 

Ҷаласаро  раиси  шаҳр  Неъматзода Маликшо Маҳмадшо  кушода, ҳозиринро ба вазъи  иқтисодию  иҷтимоии шаҳр дар се моҳи аввали соли ҷорӣ шинос намуд. 

   

Диққати ҷиддӣ ба рушди саноат, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, андешидани чораҳои санитарӣ гигиенӣ доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус  дода шуд.Зикр гардид, ки  захираи   маводи  хӯрока  дар  беморхона, корхонаю  муассисаҳо мувофиқи   талабот  ба  роҳ монда  шуда бошад ҳам, баҳри бештар захира намудани маводҳои ғизоӣ дар бозорҳо ва мағозаҳо чораҷӯӣ карда шавад.

 

Ба  кишоварзон ва аҳолии  шаҳру  деҳот  дастур  дода   шуд,  ки  аз заминҳои мавҷуда  самаранок  истифода  намуда, ба истеҳсоли  картошка,  зироатҳои   лубиёгӣ  аҳамияти  аввалиндараҷа дода,  аз  сардхонаҳои  мавҷуда барои  захираи  маводҳои  ғизоӣ  истифода намоянд.  Пеш  аз арафаи  моҳи  рамазон  дар  шаҳру  деҳот ярмаркаи  фурӯши  маҳсулотҳои   ниёзи  мардум  ташкил  карда   шавад.

 

Сипас  сардухтури  беморхонаи   марказӣ  Қаҳҳорзода  Тағойбек,  сардухтури  МНДСЭ  Одинаев  Шамсиддин, мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи шаҳр Носирзода Комил оид ба чораҳои андешидашудаи санитарию гигиенӣ доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, омодагӣ ба   вазъи  кишту кори баҳорӣ, истеҳсолу захираи  маводи хӯрокворӣ ҳисобот  доданд.